Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамкорияшро бо донишгоҳҳои Узбекистон густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Тошканд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Тошканд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Роҳбарони донишгоҳҳо зимни бастани шартнома изҳори умед карданд, ки минбаъд байни омӯзгорону муҳассилин табодули таҷриба доир шуда, барномаҳои илмиву таҳқиқотӣ, конференсияву ҳамоишҳо ба роҳ монда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанд муддат аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ҳамкории дуҷониба бори нахуст факултети муштарак таъсис дода шуд. Ҳоло донишҷӯён аз ду мамлакати дӯст дар шароиту имконияти муосир таҳсил намуда истодаанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






