Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад

Март 30, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 30.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд ихтисосро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон аз ҷониби комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ кор оғоз гардидааст.

Зимни он ихтисосҳои кори тиббӣ-ташхисӣ ва кори табобатии факултети тиббӣ, ихтисоси дорусозии факултети фарматсевтӣ, ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ, ихтисоси механикаи факултети механикаю математика, ихтисоси химияи факултети химия, ихтисоси физикаи факултети физика ва ихтисоси биологияи факултети биология аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.

Кори комиссияи экспертӣ аз вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ, суҳбатҳо бо муовинони ректор, сардорони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва садорати факултетҳои марбутаи донишгоҳ оғоз ёфт, ки дар он коршиносони хориҷӣ низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Таъкид менамоем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилоти байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро доро мебошад.

Мақсади асосии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг бақайдгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муайян намудани сифати таҳсил ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани он мебошад. Дар сурати дар қайди ин агентӣ будан дипломи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар қаламрави дигар давлатҳо эътироф карда мешавад.

Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз аввалин агентиҳои аккредитатсионӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва мақоми баландро соҳиб гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда,   аз аккредитатсияи дастурии аврупоӣ  пурра гузашт.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 30, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин тамға корхонаи «Субҳи Ватан»-и Исфара содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
Ғолибони даври чоруми марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот муайян шуданд
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад
Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дзюдочиёни зиёда аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони байналмилалии Оne Run баргузор мешавад
Дар моҳи аввали тобистон тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?