ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Урдун бозӣ мекунад

Март 2, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 март дар доираи қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «С» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бозӣ мекунанд.

Бозӣ соати 17:00 оғоз мешавад. Бозиҳои футбол тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман пахш мегардад.

Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 1

2 март (панҷшанбе)
Оғоз – соати 17:00

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 2, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад