ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРӢ АСТ! Барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

Март 27, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин хусус Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди ҳисобот дар ­Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15  марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ баргузор гардид, иттилоъ дод. 

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола шаҳрвандон ду маротиба ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Қонуни мазкур синни даъвати шаҳрвандонро аз 18 то 27 сол муайян намуда, тартиби даъват мувофиқи меъёрҳои қонун дар мавсими тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аксар ҷавонони мамлакат бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан рафта, сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдид ҳимоя менамоянд. Дар баробари ин  ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат кардан дар сафи Артиш худдорӣ намуда, бо пеш овардани ҳар гуна баҳона аз хизмат саркашӣ мекунанд.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи махсусе барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (м. 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи он барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин барои саркашӣ кардани шахси ухдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷишии ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Aммo, новобаста аз ин, баъзе шаҳрвандони синни даъватӣ аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд ё бо ин мақсад ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Ҳамзамон ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки даъватшавандагон аз комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, барои даъвати онҳо ба маҳалли хизмат ба онҳо даъватнома дода мешавад, аммо онҳо дар вақти муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бо ин кирдорашон ҷиноят содир мекунанд. Дар ин ҷо як нуктаи муҳимро бояд таъкид кард, ки мувофиқи эзоҳи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар даъватшаванда то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳар ҷавонмард хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шараф аст. Аз ин рӯ, агар шаҳрванд аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифта бошад, ӯ вазифадор аст дар вақти муайяншуда ба он ҷо ҳозир шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид