ХУШТАРИН ПАЙҒОМИ НАВРӮЗӢ. Ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд

Март 23, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуда, ба ҷаҳониён сарҷамъкунанда ва рамзи сулҳу ваҳдат будани онро бори дигар собит намуданд. Иштирок ва суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 март дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико далели ин гуфтаҳост.

Мояи ифтихор ва сарфарозии мост, ки  ҳамаи баромадкунандагон ба натиҷаи раисии Тоҷикистону Нидерланд дар Конфросни оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 сатҳи баланди тадорукотии чорабинии таърихии оби СММ, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд.

Хеле табиист, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мардумони дунё ба ҳам меоянд, роҳи раҳоӣ аз бунбастро  ҷустуҷӯ менамоянд, чеҳраҳову дилҳоро ба рӯи ҳам мекушоянд. Дар чунин фурсат ба хотир мисраъҳои ҷовидонии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мерасанд, ки аз нафаси гарми ёрон мадад  мехост:

Зи кӯи ёр меояд, насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Таъкид месозем, ки ҷашни имсолаи Наврӯз рамзи ягонагии миллатҳо дар мубориза бо зӯроварии сиёсиву мазҳабӣ, ягонагии тамоми инсоният дар муқовимат бо офатҳои ҷаҳонхори ҷангсолорӣ, зӯргӯӣ, худкомогӣ, пандемия ва маҳрумияти дигари инсонист. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда Наврӯз ба падидаи боз ҳам нодири фарҳангии умумиинсонӣ ва мардумсолорӣ табдил меёбад ва татбиқи оқилонаи он самараи нек меорад.

Имрӯз мо дар асри 21, дар замони рушди босуръати илму технология зиндагӣ ба сар мебарем ва замоне, ки аз бунёди ҷашни Наврӯз ҳазорҳо сол гузаштааст, вале аҷиб аст, ки ин ҷашн то ҳанӯз зинда, бо мост ва ниёзҳои муҳими моро бароварда месозад.

Моҳияти аслии Наврӯз- ин баробариву эътидол ва адолат аст – арзишҳое, ки дар ягон вақту замон аҳамияти худро аз даст намедиҳанд. Дар оғозу арафаи ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дилҳои пиру ҷавони тоҷик ва тамоми тоҷикистониён лабрези шодиву фараҳ мегарданд, ки он аз зиндагии поядор, бардавом ва устувори миллати қадими мо шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тавр, арзиши муҳимтарини Наврӯзи хуҷастапай, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он рамзи баробариву эътидол аст ва бо ин нишон он ҳамзамон ҷавобгӯи ниёзҳои ҳар гуна ҷомеаи солим мебошад. Ин муқаддасот, махсусан дар ҷаҳони муосир бештару беҳтар эътибор пайдо мекунад, зеро мо ҳоло бо мушкилиҳои зиёди экологӣ дар сатҳи минтақа ва сайёра рӯ ба рӯ шудаем. Гармшавии сайёраи Замин, зиёни озмоишгоҳҳои ҳастаӣ (махсусан дар атрофи мо, дар кӯҳҳои Ҳинду Покистон ва биёбонҳои ғарби Чин), партовҳои радиоактивӣ, истифодаи яроқҳои мамнӯи ҷангӣ, суиистифодаи сарватҳои табиӣ, олудагии захираҳои обӣ, биёбоншавӣ ва аз байн рафтани гуногунрангии биологӣ, кам шудани масоҳати ҷангалҳо ва ғайра ба шароити зиндагии инсон дар сайёраи Замин таъсири манфӣ мерасонанд.

Бори дигар таъкид мекунем, ки барои фалсафаи Наврӯз муқаддас доштани гавҳарҳои ҳастӣ, чун ҳаво, об, замин, наботот, ҳайвонот ва албатта, худи инсон омили асосии зинда мондан ва пешрафт намудани насли башар дар сайёра ва кайҳони нопайдоканор хеле муҳим мебошад.

Мо ҳоло мушоҳида мекунем, ки тарғиби фарҳанги Наврӯз Роҳи байналхалқии Абрешимро аз нав зинда ва густариш дода, дар минтақа бозори муштараки меҳнат ва савдо ба вуҷуд оварда метавонад. Фарҳанги сулҳпарваронаи Наврӯз метавонад барои барқарор кардани ҳамкории наздик дар соҳаҳои иттилооти навтарин, технологӣ, паркҳои инноватсионӣ (дар ҳамкорӣ бо Дубай, Ҳонг Конг ва Кореяи ҷанубӣ ва ғ.), рушди барномаҳои илму маориф ва фарҳанг саҳм гузорад. Ҳамкории иттилоотӣ аз роҳи ташкил кардани шабакаҳои муштараки технологияи итттилоотӣ, телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма метавонад тасаввуроти нодурустро чӣ дар дохил ва чӣ дар байни мардумони минтақа аз байн барад.

Суннатулло ҶОНБОБОЕВ,
Маҳмадсалом МАХШУЛОВ,
Аҳмадҷон
ҲОҶИЕВ,
кормандони илмии Маркази Синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 23, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода