Иқтисоди Шветсия ва Финландия ба таназзул ва номуайянӣ дучор шудааст

Март 1, 2023 12:01

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисоди Финландия ба давраи таназзул ворид гардида, иқтисоди Шветсия нисбат ба пешгӯии ибтидоӣ зиёдтар коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар маълумоти нави идораҳои омории ду давлат гуфта шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, ММД — и Финландия дар семоҳаи сеюми соли гузашта нисбат ба семоҳаи дуюм 0,1% ва дар семоҳаи чорум 0,6% коҳиш ёфтааст, ки ба таърифи техникии таназзул рост меояд.

Тибқи маълумоти Раёсати омори Финландия, иқтисоди ҷумҳурӣ аз афзоиши таваррум, ки моҳи январ ба 8,4% расид, зарар дидааст.

Тибқи пешгӯии охирин, ки аввали моҳи феврал нашр шудааст, бонки марказии Шветсия интизор аст, ки имсол ММД то 1,1% коҳиш меёбад, ки ин ба нишондиҳандаи миёна дар Аврупо мувофиқ аст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад