Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад

Март 23, 2023 08:34

ДУШАНБЕ, 23.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида,  ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳ борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мегардад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта  шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва  рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар пойтахт шабона 10+12 ва рӯзона  21+23 дараҷа гарм мешавад.

Март 23, 2023 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад