Имрӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 11:00, дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар мусобиқа барои ғолиби ҷойи якум 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар ва ҷойҳои сеюм 3 000 доллар муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар сатҳи баланд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор карда мешавад. Имрӯз низ ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, дар он барои ғолибону паҳлавонон туҳфаҳои арзишманд гузошта шудааст.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ мебошад.
Навгониҳо баъди байналмилалӣ гардидани гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ)
Бояд тазаккур дод, ки баъди мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Тоҷикистон якчанд навгонӣ дар ин самт рӯи кор омад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон соли равон мизбони чор мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гардида, онҳоро тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ доир менамояд. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Осиё» оид ба гӯштингирӣ, Чемпионати Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон мебошанд.
Ҳамзамон Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давоми 5 соли оянда дар 60 давлати дунё намояндагии Федератсияи гӯштингириро боз кунад. Дар айни замон дар се давлати хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҳиндустон ва Эрон чунин намояндагӣ таъсис дода шудааст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиб ва ривоҷу равнақи гӯштини миллӣ соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 ҳазор мусобиқаи гӯштинро аз рӯи усули деҳа ба деҳа баргузор менамояд.
Бахшида ба мақоми байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллии тоҷикӣ бо пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии гӯштингирӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов имсол факултаи «Гӯштини миллӣ» таъсис дода мешавад.
Соли равон дар шаҳри Твери Русия баргузории Чемпионати гӯштини миллии тоҷикӣ дар назар дошта шудааст.
Федератсияҳои гӯштингирии Тоҷикистон ва байналмилалии гӯштингирӣ нақша доранд, ки якчанд санади меъёрӣ ва барномаҳои давлатиро таҳия ва амалӣ намоянд, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ мусоидат менамояд.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегирад. Гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хоси худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешаванд, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид






