Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд

Март 13, 2023 13:47

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Анҷумани умумичинии намояндагони халқии Чин (АУНХЧ), даъвати 14-ум 11 март номзадии аъзои кумитаи доимии Бюрои Сиёсии КМ Ҳизби коммунистии Чин (КМ ҲКЧ) Ли Тсянро ба вазифаи раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин маъқул донистанд. Қаблан сиёсатмадори 63-сола дар вазифаи котиби кумитаи ҳизбии Шанхай кор мекард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Ли Тсян дар ин вазифа Ли Кэтсяни 67-соларо, ки давраи дуюм ва охирини панҷсолаи раёсаташ ба поён расид, иваз намуд.

Сарвазири нав вазифадор карда мешавад, ки рушди иқтисодиро, ки зери таъсири омилҳо, ба мисли пандемия, коҳиши талаботи истеъмолӣ, буҳрон дар бозори амволи ғайриманқул ва маҳдудият дар воридоти технологияҳои олӣ боз монда буд, ҷоннок гардонад.

Ли Тсян дар соҳаи иқтисод таҷриба ва дониши чандинсола дорад.

АКС: «Синхуа»

Март 13, 2023 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад