Лоиҳаи содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспий баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспийи долони байни «Шарқ-Ғарб» бо истифода аз принсипҳои «Равзанаи ягона» зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Багиров дар Боку баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории нишасти роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои минтақа баррасии тарҳи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ дар долони байналмилалии Транскаспийи «Шарқ-Ғарб» буда, бо назардошти аҳамияти рақамигардонии расмиёт дар соҳаи нақлиёт, сарҳад ва гумрук, ба таҳкими инфрасохтор дар масири байналмилалии Транскаспийи долони байни «Шарқ-Ғарб», содагардонии расмиёт дар долони мазкур, рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзо ва нозир, инчунин баланд бардоштани иқтидори транзитӣ ва ҳамгироии он ба системаҳои нақлиётии минтақавӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин имрӯз дар Боку ҷаласаи коршиносон доир гардида, 15 март вохӯрии бисёрҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Озарбойҷон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки дар нишасти роҳбарони мақомоти гумруки Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ заминаҳои рушди долонҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тамоюли мавҷудаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва баҳодиҳии имконияти рушди савдо дар асоси тавсеаи долонҳои нақлиётӣ, афзоиши иқтидори транзитӣ, таҳкими ҳамкории давлатҳо, инчунин ҳамгироии зичи долони Транскаспийи «Шарқ-Ғарб» бо низоми байналмилалии нақлиётӣ ва логистикӣ баррасӣ гардад.
Дар рушди инфрасохтори нақлиётии рақобатпазир, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад, таҳияи роҳҳои алтернативӣ ва долонҳо барои ҳамлу нақли борҳои содиротӣ ва транзитӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






