Лоиҳаи содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспий баррасӣ карда шуд

Март 14, 2023 17:48

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспийи долони байни «Шарқ-Ғарб» бо истифода аз принсипҳои «Равзанаи ягона» зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед  Каримзода ва раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Багиров  дар Боку баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи баргузории нишасти роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои минтақа баррасии тарҳи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ дар долони байналмилалии Транскаспийи «Шарқ-Ғарб» буда, бо назардошти аҳамияти рақамигардонии расмиёт дар соҳаи нақлиёт, сарҳад ва гумрук, ба таҳкими инфрасохтор дар масири байналмилалии Транскаспийи долони байни «Шарқ-Ғарб», содагардонии расмиёт дар долони мазкур, рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзо ва нозир, инчунин баланд бардоштани иқтидори транзитӣ ва ҳамгироии он ба системаҳои нақлиётии минтақавӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин имрӯз дар Боку ҷаласаи коршиносон доир гардида,  15 март вохӯрии бисёрҷонибаи  роҳбарони мақомоти гумруки Озарбойҷон ва  давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар нишасти роҳбарони мақомоти гумруки Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ заминаҳои рушди долонҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тамоюли мавҷудаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва баҳодиҳии имконияти рушди савдо дар асоси тавсеаи долонҳои нақлиётӣ, афзоиши иқтидори транзитӣ, таҳкими ҳамкории давлатҳо, инчунин ҳамгироии зичи долони Транскаспийи «Шарқ-Ғарб» бо низоми байналмилалии нақлиётӣ ва логистикӣ баррасӣ гардад.

Дар рушди инфрасохтори нақлиётии рақобатпазир, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад, таҳияи роҳҳои алтернативӣ ва долонҳо барои ҳамлу нақли борҳои содиротӣ ва транзитӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2023 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд