«МАҲОРАТИ НУТҚ». Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон соҳиби роҳхати таҳсил дар Ҷопон шуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни байналмилалии «Маҳорати нутқ»-и забони ҷопонӣ 12 донишҷӯи шуъбаи забони ҷопонии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷои аввал гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур донишҷӯёни факултети забонҳои Осиёи Донишгоҳ дар ҳар ду зина сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла, ҷойи якумро дар зинаи ибтидоӣ донишҷӯи курси аввали ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ-тарҷумони забони ҷопонӣ Саврия Абдулҳаева, ҷойи якумро дар зинаи болоӣ донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ — тарҷумони забони ҷопонӣ Манижа Саидова, ҷойи сеюмро дар зинаи болоӣ донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ — тарҷумони забони ҷопонӣ Шоҳида Абдураҳимова сазовор шуданд.
Ба ғолибони ҷойи аввали озмун дар ҳар ду зина барои идомаи таҳсил роҳхат ба Ҷопон дода шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






