«МАҲОРАТИ НУТҚ». Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон соҳиби роҳхати таҳсил дар Ҷопон шуданд

Март 16, 2023 19:11

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни байналмилалии «Маҳорати нутқ»-и забони ҷопонӣ 12 донишҷӯи шуъбаи забони ҷопонии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷои аввал гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни факултети забонҳои Осиёи Донишгоҳ дар ҳар ду зина сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз ҷумла, ҷойи якумро дар зинаи ибтидоӣ донишҷӯи курси аввали ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ-тарҷумони забони ҷопонӣ Саврия Абдулҳаева, ҷойи якумро дар зинаи болоӣ донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ — тарҷумони забони ҷопонӣ Манижа Саидова, ҷойи сеюмро дар зинаи болоӣ донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ — тарҷумони забони ҷопонӣ Шоҳида Абдураҳимова сазовор шуданд.

Ба ғолибони ҷойи аввали озмун дар ҳар ду зина барои идомаи таҳсил роҳхат ба Ҷопон дода шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Март 16, 2023 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад