Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад

Март 6, 2023 18:45

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоҳати майдони яхбандии атрофи Антарктида охири моҳи феврал ба 1,79 миллион километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Тавре ки АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба рӯзномаи бритониёии «The Guardian» хабар медиҳад.

Тавре рӯзномаи «The Guardian» бо истинод ба натиҷаҳои таҳқиқоти корманди илмии Донишгоҳи Тасманияи Австралия Вилям Ҳоббс, ки ба омӯзиши яхи баҳри Антарктида машғул аст, менависад, ин арзиши ҳадди ақалли мушоҳидаҳои моҳвораӣ давоми 44 сол ба ҳисоб меравад.

Дараҷаи яхбандии атрофи Антарктида аз мавсим то мавсим фарқ карда, моҳи сентябр ба авҷи аълои худ расида, то охири зимистон дар нимкураи ҷанубӣ ва то ҳадди миёна дар моҳи март фаромада, пас аз охири тобистон то ҳадди ақал коҳиш меёбад. Соли 2023 нисбат ба соли гузашта охири моҳи феврал майдони яхҳои баҳрӣ дар атрофи Антарктида то 1,92 миллион километри мураббаъ коҳиш ёфт. То 25 феврали соли равон ин масоҳат 1 миллиону 790 ҳазор километри мураббаъро ташкил дод, ки камтарин арзиш аз замони оғози мушоҳидаҳои моҳвораӣ дар соли 1979 мебошад.

Муҳимияти нави ҳадди ақал дар 6 сол аллакай бори сеюм аст, ки сабт карда мешавад. Ба гуфтаи Вилям Ҳоббс, танҳо ду маротиба дар давраи мушоҳида- солҳои 2022 ва 2023 майдони яхбандии атрофи Антарктида охири моҳи феврал камтар аз ду миллион километри мураббаъро ташкил медод. Мувофиқи навиштаи рӯзномаи «The Guardian», нигарониҳои зиёдро бештар пиряхи Туэйтси баҳри Амундсен ба вуҷуд меорад, ки олимон онро аллакай «Пиряхи рӯзи қиёмат» номгузорӣ кардаанд: дар сурати пурра об шудани он сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ним метр баланд мешавад, ки метавонад ба оқибатҳои ҳалокатовар оварда расонад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 6, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст