МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли нодуруст ва барзиёди хӯрок сабаби бемории бадҳазмӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз роҳҳои асосии солим нигоҳ доштани бадан ин истеъмоли дурусти ғизо мебошад. Дар натиҷаи аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо кори меъда вайрон гашта, инсон ба бемории бадҳазмӣ дучор мешавад. Дар натиҷа чунин одамон мубталои бемории дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) мегарданд. Чунин маслиҳат медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.
Ба гуфти мавсуф, дар ҳолати холӣ будани меъдаи инсон бояд ба таври мӯътадил об нӯшад: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор дар меъдаи холӣ тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи сабз ба ҳисоб меравад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст.
Аз меъёр зиёд хӯрдан бисёр вақт сабаби бемории фарбеҳӣ мешавад. Фарбеҳӣ инсонро ба бемориҳои дил, фишори хун, санги гурда, диабети қанд ва камҳаракатӣ мубтало месозад.
Кадом хӯрокро чӣ гуна бояд хӯрд?
Ба тавсияи доктори илҳои тиб, беҳтар он аст, ки хӯроки равғанину гӯштӣ бо сабзавот истеъмол карда шавад. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа бояд тоқат намуд. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад.
Агар диққат дода бошед, дар ошхонаҳои истироҳатгоҳҳо истаконҳои компот ё чой мегузоранд, то ки мизоҷон аввал ташнагиро шикаста, баъдан хӯрок истеъмол намояд. Дарҳол баъди хӯроки гарм ғизои сард хӯрдан мумкин нест, дар акси ҳол кашиши рӯдаҳо ва ҳал нашудани хӯрок рух медиҳад.
Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лиму ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол бояд овард. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта кард.
Чӣ бояд бештар истеъмол намуд?
Ҷаҳон Азонов тавсия медиҳад, ки сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст.
Дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот ва маҳсулоти шириву донагӣ иммунитети одамро баланд намуда, аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад.
Дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият намуда, дар онҳо бештар хӯрокҳои бирёну серравған тайёр карда мешаванд, ки аз он бештар ҷавонону кӯдакон истеъмол мекунанд. Ба зикри мутахассис, истеъмоли хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба саломатии инсон хатарнок буда, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмин мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Он сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегардад. Инчунин истеъмоли нодуруст ва барзиёди хӯрок тамоюли фарбеҳшавӣ дар пай дорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






