Муҳаққиқон хабар доданд, ки ба истеҳсоли қаҳва тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад

Март 20, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи олимони австралиягӣ бар ин назаранд, ки истеҳсоли қаҳва дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба омилҳои манфии марбут ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ дучор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Коршиносони иттиҳодияи давлатии тадқиқоти илмӣ ва амалӣ (CSIRO), инчунин Агентии миллии илмии Австралия ва Донишгоҳи Квинсленди Ҷанубӣ дар гузориши нашрнамудаи худ ба чунин хулоса омаданд. Бо сабаби тағйирёбии иқлим аз соли 1980 то 2020 офатҳои табиӣ тибқи маълумоти олимон, дар 12 минтақаи асосии парвариши қаҳва хеле бештар ба назар мерасанд.

Баъзе муҳаққиқон истисно намекунанд, ки то соли 2050 майдони заминҳои барои парвариши қаҳва мусоид метавонад 50% коҳиш ёбад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: AP Photo / Kent Gilbert

Март 20, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд