5 декабр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 5 декабр дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. 4 декабр дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
5 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. 5 декабр дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. 4 декабр дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
4 ва 6 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. 5 ва 7 декабр дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






