«Мушкилоти тарбияи наврасону ҷавонон», «Оё хӯрокҳои дӯстдоштаи кӯдакон безарар аст?»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими мамлакат ва ҷаҳон бозтоб гардиданд. Дар ин хусус шарҳи мухтасари АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №46 (24 657), чоршанбе, 1 марти соли равон ба ғайр аз хабару гузоришҳои расмӣ дар мавзуи «Гӯштини миллии тоҷикӣ — байналмиллалӣ шуд» мақолаи таҳлилӣ нашр намудааст.
«Дар эҳё ва байналмилалӣ намудани мероси гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши меҳварӣ доранд. 23 марти соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории гӯштии миллӣ дар шаҳри Хуҷанд супориш доданд, ки мусобиқоти гӯштигирӣ на танҳо дар ҷашнҳои Наврӯз, балки бахшида ба идҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ доир карда шавад. Ҳамзамон, Пешвои миллат дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзии соли 2016 дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон 22 март – Рӯзи гӯштигирон, 23 март – Рӯзи аспдавонон ва 24 март – Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон карда шавад»,-нигоштааст муаллифи матлаб.
«Тоҷикистон. Тавсеаи сайёҳии экологӣ суди бештар хоҳад дошт» — чунин сарлавҳагузорӣ шудааст мақолаи дигаре, ки дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.
Муаллифи мақола манфиати сайёҳии экологиро дар мисоли кишварҳои дар ин самт пешрафтаи ҷаҳон шарҳ дода, изҳор доштааст, ки: «Тоҷикистон ҷойи мувофиқ барои экосайёҳон мебошад. Ҳамасола кӯҳҳои мамлакат ҳазорон сайёҳро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба худ ҷалб менамоянд. Мутаассифона, мавҷуд набудани роҳҳои пиёдагард ва пайроҳаҳо дар баъзе мавзеъҳои сайёҳгузар амалисозии ҳамаи имкониятҳои сайёҳии экологӣ, аз қабили асптозӣ, дучархаронӣ ва сайругашт дар маконҳои сайёҳиро мушкил мегардонад».
Инчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои «Қадрдонӣ. Наҷотдиҳандагон аз номи Пешвои миллат мукофот гирифтанд», «Шаҳритус. Бардошт аз соле, ки гузашт», «Сада.Сайри ҷашни миллӣ дар масири таърих», «Тоҷикфилм. Имкониятҳо бештар ва дастовардҳо назаррасанд» матолиби ҷолиб ва хабарҳои мухтасар доир ба рӯйдодҳои муҳими мамлакат ва ҷаҳон ба нашр расидааст.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 1 март №31 (4614) мисли дигар рӯзномаву нашрияҳои мамлакат хабару гузоришҳои расмиро дар саҳифаи аввал ҷой додааст.
Дар ин шумораи «Садои мардум» ҷараёни баргузории Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти сарлавҳаи «Ба қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» тағйиру иловаҳо ворид гардид» пурра ба чоп расидааст.
«Дар дуди тамоку тахмин 3000 элементи химиявӣ вуҷуд дорад. Солҳои охир дар баробари тамоку системаҳои электронии таҳвили никотин истифода мегардад, ки гӯё камзарар аст. Лоиҳаи қонуни мазкур ҷорӣ намудани муносибати ягона ҷиҳати танзим, фурӯш ва истифодаи ҳама намуди маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, кашидани тамоку бо чилим, инчунин сигорҳои электронӣ, пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур як қатор маҳдудиятҳо барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро пешниҳод менамояд»,- омадааст дар гузориши мазкур.
Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки тибқи моддаи 6 истифодаи он дар дохили бино ва ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ, дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар дохили бинои меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва корхонаҳои хӯроки умумӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамоку кашидан ҷудокардашуда, дар дохили ҳамаи намуди нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ, дар дохили бино ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамокукашӣ ҷудокардашуда, дар нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар онҳо кӯдакони то ҳаждаҳсола ё зани ҳомила ҳузур доранд, дар дохили бинои осоишгоҳҳо, ҳудуди майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ манъ аст.
«Оё хӯрокҳои дӯстдоштаи кӯдакон безарар аст?» ва «Вақте ки оила пош мехӯрад» аз ҷумлаи матолиби дигари хонданбоби ин шумораи рӯзномаи парлумонии мамлакат мебошад.
Дар мақолаи «Оё хӯрокҳои дӯстдоштаи кӯдакон безарар аст?» муаллиф нигоштааст: «Картошка ва нонҳои хушки бирёншуда аз озуқаи маъмул дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар мамлакати мо низ муштарии зиёд дорад ва баъзеҳо онро мунтазам истеъмол мекунанд. Аммо дар бораи зарари ин маҳсулот ба организм касе фикр намекунад. Мутаассифона, истеъмолкунандагони асосии ин ғизо кӯдакону наврасон мебошанд. Дар баробари кӯдакон калонсолон низ, зимни тамошои телевизор, картошкаи бирёншуда ё нони хушк истеъмол менамоянд».
«Ба гуфти олими ғизошинос, профессор Ҷаҳон Азонзод аксари онҳо кансерогенҳои хатарноканд, ки таҳрикдиҳандаи бемории саратон буда, ба системаи асаб зарар мерасонанд ва ҳатто боиси мутатсияҳои генетикӣ мегарданд. Номбурда, инчунин гуфт, ки дар ин маҳсулот глутамати натрий, ки инсонро ба монанди никотин ба худ банд месозад, илова мекунанд. Истифодаи ин модда дар ғизо метавонад ба бемориҳои ҷигар, дарди сар, захми меъда ва ҳатто диабети қанд оварда расонад»,-таъкид гардидааст дар мақола.
«Народная газета»— нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо забони русӣ чоп мешавад, дар шумораи №11 (20396), 1 марти соли равон дар баробари дигар нашрияҳо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 феврал дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе доир гардид, таҳти унвони «Я верю в мужество, отвагу, патриотизм офицеров и солдат Родины» ба нашр расонидааст.
Ҳамчунин дар ин шумораи «Народная газета» зери сарлавҳаҳои «Особенности формирования политической школы Лидера нации», «Отважные женщины Родины», «Последствия таяния ледников станут разрушительными для миллионов людей», «Противодействие деструктивной идеологии, как часть политики республики по обеспечению информационной безопасности», «Первые русские учителя ва Памире», «Роль СМИ в защите информационного пространства», «Воздушное сообщение Душанде-Хорог восстановлено» ва ғайра мавод рӯи чоп омадаанд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи №9 (1406), 1 март, чоршанбе, гузориши муфассалро зери сарлавҳаи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд» ба нашр расонидааст.
Дар ин шумораи «Минбари халқ» ҳамчунин мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои «Мушкилоти тарбияи наврасону ҷавонон», «Нақши Пешвои миллат дар рушди зеҳнии ҷавонон», «Забони баён: дурӣ аз китоб, мушкили иттилоот ё ҷурми 70 соли Шуравӣ», «Низоми нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ», «Чаро талбандагӣ ба шуғл мубаддал гаштааст?», «Ҷомеаи бозмонда ва ҷӯянда», «Адабиёт ва ифтихори миллӣ» ба нашр расидаанд, ки масъалаҳои муҳими имрӯзи ҷомеаро ба риштаи таҳлил кашидаанд.
Дар мақолаи «Мушкилоти тарбияи наврасону ҷавонон» муаллифи он— дотсенти Донишгоҳи давлатии Хоруғ, номзади илмҳои фалсафа Л.Назархудоева чунин нигоштааст: «Баъзеҳо ба кӯдак имтиёзу имконияти беҳудуд дода, ҳамаи талаботашро қонеъ гардонида, тамоми нозу нузашро бардошта, ӯро парастиш карда, шахсияти нодурусти фарзандро шакл медиҳанд. Ин амалҳо метавонад на сабаби инкишофи лаёқату қобилияти ақлию зеҳнӣ ва намунаи ибрати писандида гардидани фарзанд, балки боиси боиси нодуруст рушд ёфтани ӯ шаванд».
«Талаботи ҷомеаи имрӯза он аст, ки на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, балки ҳар як фарди ҷомеа, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадоранд, ки нисбат ба таълиму тарбияи насли ҷавон масъулият дошта бошанд ва дар ин кори басо муҳим бетарафиро ихтиёр накунанд»,- таъкид менамояд Л.Назархудоева.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»