Намунаи либосҳои миллии тоҷикӣ дар Намоишгоҳи мӯди байналмилалӣ дар Олмон муаррифӣ шуд

Март 15, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 март  дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Олмон намунаи либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз маҷмуаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар Намоишгоҳи мӯди шаҳри Магдербург «Fashionshow Ottostadt macht Mode» ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба ҳозирин дар бораи таърихи атлас, адрас ва чакани тоҷикӣ иттилоъ дода, иброз дошт, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ «Чакан» соли 2018 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO) шомил карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид