«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Пагоҳ дар Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мешавад

Март 20, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 март дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Фестивал соли панҷум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешкаши ҳозирин гардонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид