ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ. Дар хиёбону боғҳои Душанбе гулҳои мавсимӣ ва ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешавад

Март 9, 2023 18:39

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани Душанбе ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ мутобиқ ба қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гармхона ва иншооти ёрирасони Корхонаи воҳиди давлатии «Сабзкорӣ»-и шаҳри Душанбе ба раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Сино дар масоҳати 5880 метри мураббаъ, Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 5440 метри мураббаъ, Фирдавсӣ дар масоҳати 4320 метри мураббаъ ва Шоҳмансур дар масоҳати 2592 метри мураббаъ барои истифода дода шуд.

Бо инобати таъмини гулгашту хиёбон ва кӯчаву боғҳо бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои мазкур дар гармхонаҳо гулҳои мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда шуда, дар мавсими ниҳолшинони тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар мавзеъҳои муайяншуда мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонида мешаванд.

Вобаста ба истифодаи босамари заминҳо дар КВД «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз 3 қитъа дар масоҳати умумии 153,92 га иборат аст, кишти тухмӣ ва парвариши гулҳои мавсимию бисёрсола, ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва қаламчаи гулҳои бисёрсола тибқи талаботи агротехникӣ ва таҳти назари мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

Дар айни замон дар парваришгоҳҳои минтақаҳои мазкур дар палҳо 5400 дона ва дар заминҳои барои парвариш муайяншуда 7900 бех ниҳолҳои дарахтони можжевелник, санавбар, каштан, кипариси пирамидалӣ, хуч, корнус, жимолост, акатсия, туя, қарағоҷ, буттаҳои суриягӣ ва гулҳои садбарг парвариш ёфта истодааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд