Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Март 30, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашни ниёгонамон- Наврӯзи ҷаҳонӣ  бо риояи расму оинҳои қадимаи  тоҷикӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.

Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим иштирокчиёнро ба муносибати соли нави аҷдодӣ —  Наврӯз ва эҳёи табиат табрик гуфта, роҷеъ ба ин ҷашни байналмилалӣ  ва мақоми он дар фарҳанги миллии тоҷикон маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Маҳз бо ташаббусу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.

Дар чорабинии наврӯзӣ гӯша ва барномаи фарҳангӣ ташкил шуда, ба иштирокчиён хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

Март 30, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»