Осорхонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон» инъикосгари қаҳрамонии Зан –Модари тоҷик мебошад
ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама давру замон нақши занон дар ҷабҳаҳои зиндагӣ — иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра бағоят бузург аст. Занон ҳамчун омӯзгор, олим, соҳибкор, табиби ҳозиқ, тарбиятгар, кишоварз, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарвару роҳбар дар пешбурди ҳаёти навин, ободию шукуфони Тоҷикистони азизамон саҳми беандоза доранд. Дар ин бобат номи садҳо бонувони тоҷикистониро номбар метавон кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддуновари мо ҳастанд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки занони далеру шуҷоъ ва донову оқил дар радифи мардон дар саҳнаи илму ҳунар ва фарҳангу адаб, дар майдони разм ва арсаи сиёсат ҳунарнамоӣ намуда, дар ҷомеа сазовори эътирофу эҳтиром ва мақому манзалати баланду шоиста гардидаанд.
Дар Осорхонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон», ки 7 марти соли 2018 ифтитоҳ гардидааст, акс ва дастовардҳои фаъолияти як зумра қаҳрамонзанони мамлакат ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Бахшида ба Рӯзи Модар дар бораи чанде аз қаҳрамонзанони мамлакат, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи мазкур нигоҳдорӣ шудаанд, маълумот медиҳем:
БИБӢ МАРЯМ — модари Эмомалӣ Раҳмон
Модари тоҷик ҳазорон фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллат ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Яке аз модарони маҳбуб ва соҳибэҳтиром модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бибӣ Марям мебошанд.
Маҳз ҳамин зани оқила соли 1952 фарзанде ба дунё оварда, ӯро бо меҳнати ҳалолу бурдборона, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки ин фарзанди фазонаи миллат баъдан ба маснади Сарвари давлат менишинад ва дар шароити ниҳоят душвор тақдири як мамлакат ва миллати куҳанбунёдро ба дасти худ мегирад. Фарзанде, ки хизматҳои беназираш барои ин мардум ва ин сарзамин дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад гашт.
Тавре Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамдаму маслиҳатгар ва дуогӯи он кас маҳз модарашон буданд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид мекунанд, ки «Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии Офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳро ба ҷо варед, то баъди сари онҳо пушаймон нашавед».
Бибӣ Марям- зани босаводу дурандеш 23 ноябри соли 2004 дар синни 94 вафот кард ва дар ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд.
Аввалин зани сиёсатмадор
Низорамоҳ Зарифова чун сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг имрӯз ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти мамлакат намуд. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистаанду арзандаи пайравӣ.
Имрӯз барои занону модарони тоҷик дар ин мамлакати тинҷу ором ва дар фазои сулҳу оромӣ зистанро неъмати беҳамто мешуморад.
Ӯ мегӯяд, ки даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даврони бас мушкили мамлакат рост омад. Дар он рӯзгор, ки шуълаи ҷанги шаҳрвандиро ҳар лаҳза бештар аз пештар меафрӯхтанд, зимоми давлатдорӣ ва раҳнамунии миллатро касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда нагирифт.
Ӯ сулҳро пойдору устувор гардонид. Миллату давлат туфайли роҳбарияш дар дунё шуҳрат касб кард ва аз маҳбубияти хос бархӯрдор шуд.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 2023 Низорамоҳ Зарифова ба синни сад медарояд.
Аввалин зан дар соҳаи саноат
Мунаввара Қосимова 2 феврали соли 1914 дар шаҳри Конибодом, дар оилаи дуредгар таваллуд ёфта, баъди маълумоти миёнаи нопурра гирифтан солҳои 1928-1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Самарқанд таҳсил намудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1931 дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва солҳои пас аз он Мунаввара Қосимова дар тарбияи меҳнатӣ, ватанпарварӣ ва маънавии занони Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ба масъалаҳои тарбия, дастгирӣ ва ба корҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани бонувон аҳамияти ҷиддӣ медод. Дониши аъло ва фаъолияти чандинсолаи мавсуфро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи вазири саноати сабуки Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Инчунин бо ташаббуси ин бонуи ҷасур, кордон, серғайрат ва серталаб аввалин бор дар ҷумҳуриамон истеҳсоли равғани геран ба роҳ монда шуд.
Таърих корномаи чунин шахсиятҳои маъруфро зинда медорад ва талқин месозад, ки онро омӯзему ибрат гирем ва дастури амал қарор диҳем. Хидматҳои шоёни Мунаввара Қосимова барин занони номдор ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва ёди он кас дар дилу дидаи ҳамватанон, дӯстон, шогирдон ва хешу таборон абадан боқӣ хоҳад монд!
Аввалин зане, ки Вазири тандурустӣ буд
Ӯғулой Шамсутдинова, аввалин комиссари халқӣ ё Вазири тандурустӣ мебошад.
Ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Миёна кор кардааст.
Соли 1929 дар байни комиссарони халқӣ, ки ҳамаашон мард буданд, ягона комиссари халқӣ-зан Ӯғулой Шамсутдинова буд.
Инчунин ӯ яке аз нахустин муаллимон ва чун ректори нахустини Донишгоҳи тиббии Хуҷанд кор кардааст.
Аввалин зани меъмор
Ҳамро Тоҳирова 22 августи соли 1912 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушод. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуд. Ӯ аввалин бинокорзани Тоҷикистон гардида, солҳои 1936 — 1940 саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон шуда, кор кардааст. Номбурда иштироккунандаи анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи якчанд лоиҳаҳои бинову иншоот буд.
Дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занони Комитети Марказӣ, мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Комитети Марказӣ, Котиби комитети марказии Шӯрои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот, вазири сохтмон, вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат, раиси Кумитаи давлатии нақшакашии ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси Шӯрои хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна, ҷонишини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон шуда фаъолият намудааст. Аз соли 1968 то соли 1974 дар вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ифои вазифа карда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ саҳми калон гузошт.
Ҳамро Тоҳирова дар бунёди Театри давлати драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикистон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар меҳвари хиёбони ҷумҳуриявӣ ва академик Раҷабовҳо бунёд гардид.
Ҳамро Тоҳирова – ягона бинокорзани тоҷик ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъйин гардид. Дар ин давра якчанд биноҳо- Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд.
Аввалин милитсионерзани тоҷик
Патӣ Азизова аввалин милитсионерзани тоҷик, раиси шӯрои занон, раиси колхоз дар шаҳри Панҷакент низ будааст. Азизова Патӣ дорои хислатҳои неки инсонӣ буда, ҳамеша бар зидди қонунвайронкуниҳо мубориза мебурд.
Дар фарҳанги куҳани халқи тоҷик эҳтироми Зан — Модар ва мақоми он ҷойгоҳи муайянеро соҳиб буд. Ниёгони мо бо назардошти офаранда будани зан ӯро ҳамрадифу ҳампояи Замин медонистанд.
Осорхонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон»-и ба номи Муқаддара Рустамова таҷассумгари ҳамин гуфтаҳост. Зеро ин Осорхона инъикосгари қаҳрамонии Зан –Модари тоҷик дар майдонҳои набард, сиёсат ва фарҳанг буда, туҳфаи пурқимат ба занону модарон маҳсуб мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз