Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетовро ба ҳузур пазируфтанд

Март 13, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъйин шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар корҳояш комёбӣ орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид карданд.

Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов 13.03.2023

Март 13, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд