Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати бинои 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.
Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.
Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию ӯҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро чиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, саривақт бақайдгирии шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд






