ПУЛИ ИРТИБОТИ ФАРҲАНГӢ. Аҳамияти байналмилалии Наврӯз дар он аст, ки ибтидои муттаҳидкунанда дорад

Март 20, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи башарият 23 феврали соли 2010 рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар ин рӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатъномаеро таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо иттифоқи оро қабул намуд.

Тарҳи ин қатъномаро ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия ва Эрон якҷоя омода карда, ба Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод карданд.

Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз, ки 21 март таҷлил карда мешавад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Наврӯз ба таври дуруст мақоми байналмилалӣ гирифт: ҳар бистумин сокини рӯи Замин (беш аз 400 миллион нафар) фарорасии соли навро ба ҷашни баҳор алоқаманд медонад. Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин гувоҳи он аст, ки мардуми мо бо ҳисси эҳтиром ва сарфакорӣ ин ҷашни зебои аҷдодии худро то замони мо ҳифз кардаанд.

Бисёре аз давлатҳо аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯзро эътироф кардаанд. Ҳамин тавр, 15 марти соли 2010 Маҷлиси намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо 384 раъйи ҷонибдорӣ қатъномаи рақами 267 дар бораи Наврӯзро қабул кард, ки бо ибораи «Эътироф кардани аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯз…» оғоз мешавад.

30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият шомил карда шуд. Қарор дар бораи ворид кардани ин унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати аъзои Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ дар ҷаласае, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2009 дар Абузабӣ баргузор гардид, қабул карда шуд.

Вожаи «Наврӯз» дар забони тоҷикӣ маънои  «рӯзи нав»-ро дорад. Решаи Наврӯз ба замонҳои қадим меравад. Ин қадимтарин ҷашни кишоварзист, ки пайдоиши он бо пайдоиши тақвими кишоварзӣ алоқаманд аст. Наврӯз – рӯзи аввали солшумории тоҷикон, оғози баҳор мувофиқ ба рӯзи Ҳурмузи моҳи Фарвардин (мувофиқ ба 21 март), баробаршавии шабу рӯз, ибтидои мавсими нашъунамо ва шукуфоӣ мебошад.

Ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ бо санадҳои қонунгузории худ Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ тасдиқ кардаанд. Дар Тоҷикистон Наврӯз рӯзи ид аст ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995 он 4 рӯз, аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.

Аҳамияти байналмилалӣ ва умумифарҳангии Наврӯз дар он аст, ки мисли дигар ҷашнҳои миллӣ он ибтидои муттаҳидкунанда дорад, зеро онро ҳама – чӣ пиру чӣ ҷавон ҷашн мегиранд. Хосияти таърихӣ ва аҳамияти умумифарҳангии Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар ду далели ҷолиби таърихӣ ифода ёфтааст.

Нахуст, дар он аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни солинавии мардуми тоҷик дуртар аз сарзамини таърихии худ, яъне ба ҷашни миллии якчанд мамлакат ва халқҳои дигар табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони имрӯз ҷуғрофиёи ҷашни Наврӯз васеътарин буда, давлатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби Чин оғоз ёфта, то қаламрави Осиёи Марказӣ, сарзамини Ҳинд, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз ва Русия, марзҳои Аврупо, Осиёи хурд, Балкан, Ховари Миёна, мамлакатҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ тӯл мекашанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».

Сониян, тавзеҳ додани пайдоиш ва моҳияти ин ид аз ҷониби ворисони бузурги фарҳанги классикии тоҷик ва пештар аз ҳама дар тафсири устуравии Умари Хайём нуҳуфта аст, ки рӯҳан дар чаҳорроҳаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб ба воя расидааст. Тибқи рисолаи маъруфи ӯ «Наврӯзнома», Наврӯзро шоҳ Ҷамшед мувофиқи як падидаи умумиҷаҳонии астрономӣ – фарорасии баробарии шабу рӯз муқаррар кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз мамлакатҳои аъзо, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ташвиқ ба амал меорад, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то дониш дар бораи осори Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардад. Дар ин росто бояд гуфт, ки илми наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишмандони тоҷик роҷеъ ба таъриху суннатҳои Наврӯз ва таҷлили он дар шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ матолиби зиёде мунташир карда, ҷиҳати омӯзиши мақоми байналмилалии Наврӯз корҳои илмӣ бурда истодаанд ва ин натиҷаи судманд бахшида истодааст. Дар сатҳи байналмилалӣ Наврӯз бори нахуст соли 2012 дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои баландпояи беш аз 30 давлати ҷаҳон таҷлил гардид.

Ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид аз тамоми мамлакатҳои аъзо даъват мекунад, ки дар ҷашнҳо иштирок кунанд. Ин самараи мусбат дошта, дар мустаҳкам шудани ҳамфикрӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу амонӣ байни халқҳо ҳиссаи сазовор мегузорад. Наврӯз пули иртибот ва ҳамкории фарҳангӣ, пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳост. Вай мақоми иди умумиҷаҳонӣ гирифта, халқҳоро боз ҳам зичтар муттаҳид мекунад, дӯстӣ ва бародариро инкишоф медиҳад, сулҳу вахдатро мустаҳкам ва ихтилофоту бегонагиҳои байни халқҳоро решакан мекунад.

Ҳамин тавр, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони мо ин ҷашнро бо ниятҳои олӣ, ки муҷассамаи меҳру вафодорӣ, покиву садоқат, зебоӣ ва нозукӣ, меҳнатдӯстӣ ва бедорӣ мебошад, офаридаанд. Таҷлили он бо руҳияи ҳамгироии Созмони Милали Муттаҳид барои муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти идеалҳои бузурги сулҳ ва ҳамбастагии ҳамаи фарзандони одам, дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва сулҳу ваҳдат дар байни мардум саҳми арзанда мегузорад.

Саидумар РАҶАБОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон