«РАДИОЭЛЕКТРОНИКА, ЭЛЕКТРОТЕХНИКА ВА ЭНЕРГЕТИКА». Дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Март 17, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ  Конференсияи XXIX  байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор гардид. Дар он донишҷӯёну аспирантон ва докторантони 22 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмӣ иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм баргузор гардида, дар он намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Миср, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд

Ҳамоиши мазкур ҷиҳати амалӣ гардонидани «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Москваи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур рушди фаъолияти эҷодии донишҷӯён, аспирантҳо ва олимони ҷавон, ҷалб намудани онҳо ба ҳалли проблемаҳои таъхирнопазири соҳаи энергетика, нигоҳ доштан ва инкишоф додани фазои ягонаи илмиву таълимӣ, ба роҳ мондани робитаҳо байни ҳамдигар буда, дар он масъалаҳои асосии саноати энергетикии Осиёи Миёна баррасӣ гардид.

Дар конфренсия иштирокчиён бо мушкилоти муосири радиоэлектроника, электротехника ва энергетика, ҳисоботу баррасиҳои олимони пешқадам ва навгониҳои охирини илму техника шинос гардиданд.

Дар анҷоми конференсия ба иштирокчиён диплом ва сертификатҳо супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли чорум аст Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Москва конференсияи байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантонро таҳти унвони «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» дар ҳамкорӣ баргузор менамоянд.

АКС: Маркази марбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд