РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

Март 18, 2023 09:34

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси оби қарибулвуқуи СММ, ки дар пойтахти Подшоҳии Марокаш  — шаҳри Работ  баргузор шуд, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст доир ба пешоҳангии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа ва «Раванди оби Душанбе» ном гирифтани рӯзномаи обии СММ ба таври муфассал иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба мамлакаи болооб ва дорои захираҳои азими обӣ будан, Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти монанд ба обшавии босуръати пиряхҳо, селу обхезӣ, ярчу тарма ва таҷрибаву маҳорати ҳалли чунин душвориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаи босамар ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин тазаккур дода шуда, ки ҳайати воломақом ва бонуфузи Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ, ки зери раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҷараён хоҳад дошт, чорабиниҳои сершумори каноравӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузор хоҳад намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд