РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Қоҳира тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд

Март 17, 2023 16:43

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 март мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Қоҳира бо Вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Конфронси байналмилалии об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, инчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обиву обёрӣ, истифодаи оқилонаи об ва андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Миср ва Нидерланд бо назардошти таҷрибаи ғании худ дар масоили мазкур метавонанд ба нафъи давлатҳои худ ва ҳамаи аҳолии ҷаҳон ҳамкории пурсамар дошта бошанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2023 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд