«ШАҲРИ БЕХАТАР». Комиссияи ҳукуматӣ омилҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар толори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа раиси комиссия — Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини раиси комиссия — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва масъулони дигар сохторҳои қудратӣ, идораву кумитаҳои давлатӣ, ки аъзои ин комиссия мебошанд, иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ тайи соли сипаригардида дар ҳамбастагӣ бо дигар корхонаву идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати давлатиро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро дар ин самт зери назорати доимӣ қарор додааст.
Дар ҷаласа иброз дошта шуд, ки Вазорати нақлиёт бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат баҳри бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард пайваста корбарӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату сохторҳои давлатӣ барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, сатҳи паст гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, гузоштани аломатҳо дар роҳҳои нақлиётгард, масоҳати сохтмон ва таҷдиду таъмири роҳҳо, сохтмони долонҳои мошингузар, инчунин омилҳои садаманокӣ дар роҳҳо ва бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баррасӣ карда шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






