Тӯфони тропикии «Фредди» дар Малави аллакай ҳаёти 326 нафарро аз байн бурд

Март 18, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти аз шаҳри Лилонгве бо истинод ба изҳороти Департаменти бартарафсозии офатҳои табиии /DoDMA/ Малави воридшуда, тавассути тӯфони тропикии «Фредди», ки бар асари он обхезиҳо, шамолҳои шадид ва селҳо ба вуҷуд омаданд, аллакай 326 нафар дар ҷануби ин мамлакати африқоӣ ҳалок шуда, 201 нафар бедарак ва 796 нафари дигар захмӣ гардидаанд. Инчунин зиёда аз 180 ҳазор нафар ба дигар ҷой кӯчонида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Президенти Малави Лазарус Чаквера рӯзи панҷшанбе ба минтақаҳои осебдида рафта, бо муроҷиати телевизионӣ ба мардум оид ба вазъияти ногувор ва тадбирҳои андешидашуда барои наҷот ва кумак иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тӯфони кунунӣ ба вуҷуд омадаанд, харобиовартарин ҳодисаҳои табиӣ дар даҳсолаҳои охир ба ҳисоб мераванд. Ӯ бори дигар ҷомеаи байналмилалиро ҷиҳати расонидани кумаки бештари башардӯстона ба Малави даъват намуд.

Рӯзи чоршанбе президент мотами миллии 14-рӯза эълон намуда, 1,5 миллион доллар барои кумак ба осебдидагон ҷудо кард. Дар айни замон мақомот 317 нуқтаи муваққатӣ ташкил кардааст. Амалиёти муштараки наҷотдиҳӣ, ки аз ҷониби хадамоти тиббӣ, артиш, полис ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Малави гузаронида мешавад, идома дорад.

Хадамоти обуҳавошиносии Малави ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои мамлакат низ бориш ва раъду барқ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки тӯфони тропикии «Фредди» мутаносибан ҳаёти 73 ва 17 нафарро дар Мозамбик ва Мадагаскар аз байн бурдааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 18, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст