ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ба Аврупо буҳрони об таҳдид мекунад

Март 3, 2023 19:31

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Каталония дар шимоли Испания  бо сабаби хушкие, ки аллакай беш аз ду сол боз идома дорад, дар истифодаи об барои тақрибан 6 миллион аҳолӣ маҳдудият  ҷорӣ менамоянд. Тадбирҳо ба 224 шаҳрдорӣ, аз ҷумла Барселона ва Жирона таъсир мерасонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Euronews.

Системаи обии Тер Лобрегат, ки қисми зиёди минтақаи Испанияро таъмин менамояд, ҳамагӣ 27 фоиз бо об пур аст, зеро дар тӯли 25 моҳ дар ин ҷо амалан бориш набуд.

Боғҳои хусусӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дигар обёрӣ карда намешаванд ва идораҳои кишоварзӣ бояд истифодаи обро 40 фоиз кам кунанд.

Аммо на танҳо Испания ба хушксолӣ дучор мегардад, балки Италия, Фаронса ва дигар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ аллакай соли дуюм аст, ки  аз набудани барфу борон азият мекашанд. Вазири хурди муҳити зисти Фаронса Беранжер Куйяр ҳушдор додааст, ки бояд тадбир андешида шавад, вагарна буҳрони обӣ сар мезанад.

Фаронса, Олмон ва Италия ба таври фаврӣ «нақшаҳои обӣ» таҳия мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2023 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст