ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 март, душанбе, 86-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 27, 2023 08:00

27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти  Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд.

27 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии театр.

 

РӮЙДОДҲО: 

Дар ин рўзи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри  Душанбе №4 баргузор шуд. Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро  эълон кард. Дар натиҷа  ба тарафдории номзад Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуд

***

 27 марти оли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт ба муносибати  Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.

***

27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шуд.

***

27 марти соли 1998 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи оғози тамринҳои сарҳадбонони Албания барои ҳифзи сарҳад бо Югославия хабар дод.

Март 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш