ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 март, сешанбе, 87-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 28, 2023 08:00

28 марти соли 2017  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд.

***

1 сол қабл, дар ин рўзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии созмони мазкур доир гардид, ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд.

*** 

28 марти соли 2022 Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад оид ба ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон баррасӣ гардид.

28 МАРТ:

 Дар Чехия – Рӯзи муаллим.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 10 сол пеш, дар ин рўз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 қабул гардид.

*** 

28 марти  соли 2020 Ассостсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором, ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мамлакати  устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд.

***

Дар ин рўзи  соли 2019 беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.

***

28 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

***

10 сол қабл, дар ин рўз  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мавлудахон Абдуллоева соли 1942 — забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон профессор

Март 28, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш