Тадқиқоти нав нишон медиҳад, ки мавҷудияти резишгоҳи дарёи Нил зери хатар қарор дорад
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқоти нав нишон медиҳад, ки 60 миллион аҳолии Миср, ки дар ҳама паҳлуҳои ҳаёти худ ба он такя мекунанд, метавонанд ба оқибатҳои ногувор дучор шаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар додааст.
Резишгоҳи дарёи Нил макони беназир ва махсус аст, ба он ҳадди ақалл 60 миллион аҳолии Миср ниёз дошта, тамоми паҳлуҳои ҳаёти онҳо бо ин манбаи махсуси об алоқаманд мебошад. Ва ҳоло муҳаққиқон бар он андешаанд, ки мавҷудияти резишгоҳ зери хатар қарор дорад, менависад рӯзномаи «SciTechDaily».
Тадқиқоти навро Эссам Ҳегги аз Маркази тадқиқоти иқлим ва обҳои хушки Фонди инноватсионии USC Viterbi роҳбарӣ менамояд. Ӯ ва ҳамкоронаш дарёфтанд, ки ба мавҷудияти шоҳраги аз ҳама муҳими обӣ, чун дарёи Нил, ифлосшавии ҳаҷман калон аз металлҳои вазнин, ифлосшавии соҳилӣ ва воридшавии оби баҳр таҳдид мекунад. Ҳамаи ин ҳолат аҳолии маҳаллиро дар вазъияти ниҳоят ногувор мегузорад. Аммо, ба гуфтаи олимон, ин таназзули бебозгашт на танҳо ба одамон, балки ба парандагони муҳоҷир низ таъсир мерасонад, ки резишгоҳи дарё барои онҳо ҳамчун ҷойи муҳим дар роҳи гузариш аз Африқои Шарқӣ хизмат менамояд, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ.
Олимон иброз медоранд, ки таъсири ифлосшавии об бештар дар Миср ба назар мерасад, ки сераҳолӣ ва хушктарин кишвар ба ҳисоб рафта, дар поёноби дарёи Нил ҷойгир мебошад. Дар ҳақиқат, аҳолии Миср комилан ба дарё вобастагӣ дорад, он ягона манбаи оби нӯшокӣ ва намӣ барои обёрии зироат дар мамлакат мебошад. Омор нишон медиҳад, ки имрӯз Миср бо норасоии бузурги об дар таърих рӯбарӯ шудааст.
Гузашта аз ин, муҳаққиқон боварӣ доранд, ки қисми зиёди ифлосшавии об аз металлҳои вазнин аллакай бебозгашт аст, аммо онҳо бар онанд, ки баъзе амалҳо метавонанд таназзули муҳити зистро суст ва шояд ҳатто экосистемаи резишгоҳи дарёи Нилро барқарор кунанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки мақомоти маҳаллӣ бояд мувозинати аз ҷиҳати илмӣ асоснокро байни пӯшонидани ниёзҳои оби тозаи бахши кишоварзӣ, истифода аз оби тозанашудаи қубурҳои заҳбури (дренажии) кишоварзӣ ва «солим» нигоҳ доштани дарёи Нил барқарор кунанд. Ин вазифа осон нест, аммо тадқиқоти бештар, ба гуфтаи олимон, ба таҳияи консепсияи таъсирнок мусоидат мекунад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






