ТАОМҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БАДАХШОН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус маълумот ҷамъоварӣ намуд

Март 24, 2023 13:20

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Наврӯз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастархони идонаро  бо  хӯрокҳои дар ин минтақаи кўҳистон маъмул  оро медиҳанд.  

Дар бораи чанд намуд таомҳои  наврўзии Бадахшон ва тарзи тайёр кардани онҳо собиқадори меҳнат, зани фаъол Ҳоҷатбегим Асматуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» қисса кард. 

Боҷ

Боҷ- ғизои  муҳимтарини  наврӯзӣ дар Бадахшон маҳсуб мешавад. Дар шаби  дуюми Наврӯз  тамоми хонаводаҳо  боҷ омода мекунанд. Барои омода кардани ин ғизо як қисмати гӯшт бо каллаву поча ва гандуми навъи беҳтарин ҷудо карда мешавад. Гандум дар булбулоксанг нарм кӯфта шуда, қисматҳои дурушти он ҷудо мегарданд. Вақте шаб фаро мерасад, соҳибхоназан дегро рӯи оташ мемонад. Калони хона аввал  гӯшт ва гандуми кӯфтаи дуруштро ба дег меандозад. То ба ҷӯш омадани боҷ аз хона баромадани касе мумкин нест.

Боҷ табиатан ғизои дерпаз аст ва ба ҷӯшидани зиёд ниёз дорад. Баъде ки гандумдаляи дурушт дар боҷ пухта нарм шуд, гандуми кӯфтаи нармро ба даруни дег меандозанд. Боҷро то дер ҷӯшонда, сипас дар кӯзаи калони гилӣ мерезанд ва кӯзаро даруни оташдон болои лахчаҳо мемонанд. Боҷ нарм-нарм то субҳ меҷӯшад.

Сипас аъзои хонаводаҳо боз ҳамдигарро табрик ва «шогун баҳор муборак» мегӯянду ба сари хон мешинанд. Боҷ, ки то субҳ пухта шуда, гӯшту гандум маззаи ҳамдигарро ҷаббиданд, ба моеи ширешмонанде табдил меёбад. Ин ғизо хеле хушлаззат аст.

Мардуми Бадахшон  тибқи русуми куҳан онро то чанд рӯз ҳам худашон тановул мекунанд ва ҳам ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд.

Қумочҳои наврӯзӣ

Дар рӯзи Наврӯз соҳибхоназанони Бадахшон якчанд навъи қумоч ва кулча тайёр мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо бо шакл, тарзи тайёр кардани худ аз ҳам фарқ доранд. Масалан, деҳқонқумочро  аслан дар рӯзи Наврӯз омода мекунанд. Вақте ки деҳқон поруи аввалро ба замин мебарорад, аз ҳамин қумоч ба он ҷо мебаранд ва ба ҳозирбудагон медиҳанд.

Кочӣ

Инчунин дар навоҳии Бадахшон таоми дигаре ҳаст, ки дар рӯзи якуми ҷуфтбаророн омода карда мешавад. Дар хонаҳои деҳқонон дар ин рӯз таоми махсус аз орду об ва равғану шир омода мегардад, ки мардум онро кочӣ меноманд. Соҳибхоназан вақти саҳар дегро болои оташ гузошта, ба он об меандозад ва вақте об ҷӯшид, ба он орд илова карда, мекобад ва он сахт шудан мегирад. Сипас омода мешавад ва ба он ширу равғани зард илова мекунанд. Атолаи кочӣ  хеле бомазза аст ва он  рамзи сериву пуриро дорад.

Оши бурида 

Оши бурида аз ҷумлаи он таомҳои қадимии мардуми маҳаллии Бадахшон аст, ки   истеъмоли онро бештар калонсолон дӯст медоранд. Аслан онро дар чаҳор фасли сол омода кардан мумкин аст, аммо бештар оши буридаро дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд, чунки дар ин вақт гиёҳҳои табиии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок хусусияти шифобахшӣ дорад, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваву неруи тоза мебахшад. Таркиби асосии  оши буридаро зуволаи махсус ташкил мекунад. Он аз орди боқило омода мегардад. Кадбонуи хонадон ба миқдори  муайян   орд, об ва намак гирифта, хамир тайёр мекунад. Сипас зуволаро дар болои оштахта ба воситаи ғалтак тунук мекунад. Зуволаи тунуккардашударо  ки  қабат- қабат омода карда шудааст, бо ошбур (корди калони махсус) маҳин мебуранд. Ҳар қадаре, ки нозуку маҳин бурида шавад, ҳамон кадар тамъ ва лаззати ош басифату  хушхӯр мешавад. Ҳангоме ки зуволаро бурида, тайёр карданд, дар болои оташдон дегро монда, оташ мегиронанд ва дар ҳаҷми зарурӣ ба он об андохта, меҷӯшонанд. Пас аз он зуволаи буридаро меандозанд. Дар ин  марҳила оши бурида пухта, барои тановул омода мегардад ва баъди бардоштан дар табақи калон ба он дуғоби аз қурут омодашуда ва кабудӣ меандозанд.

Хихс (ҳалвои сафед) 

Дар Бадахшон ин намуди ҳалво то замони имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Ҳалво, яъне хихсро мардуми маҳаллӣ махсусан дар суру маъракаҳо ва ҷашну маросим аз шакар, орд ва равған омода карда, рӯйи дастархон мегузоранд. Он ҳамчун рамзи ширинии ҳаёт дар ҷашни арӯсӣ ва маросими дигар бо муроду орзуҳо ба соҳибҷашнҳо чашонида мешавад. Хосатан дар ин минтақа, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз  ҳамчун иди бузург аст, бо фарорасии он  занони деҳа ё маҳалла дар як хона ҷамъ омада, нахуст  зани солхӯрда дар дег равған меандозад ва гарм мекунад. Баъд аз он орд дар равған андохта, онро омехта мекунад  ва пас аз ғафс шудан онро аз болои оташ гирифта, дар табақҳои сирдори калон ба занон тақсим мекунад. Онҳо бо қошуқи калони махсуси аз чӯб тайёркардашуда аввал молида, сипас баъди каме хунуктар шудан бо даст сахт-сахт молидан мегиранд. Хихс ранги сафед мегирад, баъдан ба он каме ширро бо шакар илова мекунанд ва то омода шуданаш занон онро мемоланд. Сипас ба косачаҳои майда онро бардошта, ба занон бо яктоӣ кулча тақсим карда, боқимондаро барои  хонавода болои дастархон мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар ноҳия ё шаҳр вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва талаботи иҷтимоӣ хӯрокҳои маҳаллии худро дорад. Дар Бадахшон сабаби фаровон будани маҳсулоти зироаткорӣ таомҳои маҳаллӣ дар шаклу намудҳои мухталиф омода карда мешаванд. Хулоса, дар баробари касбу ҳунарҳои мардумӣ таҳияи хӯрокҳои гуногуни маҳаллӣ низ ифодагари фарҳанги ин минтақа ба ҳисоб мераванд. Мардуми маҳаллӣ  ин русуми қадимиро ҳифз карда, онро ба ояндагон мерос мегузоранд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»/манбаъҳои боз

Март 24, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд