ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд

Март 5, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 05.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳқиқоте, ки дар Британияи Кабир гузаронида шуд, барои фаҳмидани манфиати машқҳои ҷисмонӣ пиёда гаштан кофӣ аст. Маълум гардид, ки дар як рӯз 11 дақиқа ба варзиш машғул шудан метавонад аз 10 як марги бармаҳалро пешгирӣ кунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC хабар додааст.

Хадамоти миллии тандурустӣ барои калонсолон дар як ҳафта 150-300 дақиқа фаъолиятро бо машқҳои мӯътадил ё 75-150 дақиқа фаъолиятро бо машқҳои бошиддат дар як ҳафта тавсия медиҳад.

Таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот оид ба манфиати фаъолияти ҷисмонӣ нишон дод, ки ҳатто иҷрои нисфи машқҳои тавсияшудаи ҷисмонӣ, ки ба 75 дақиқа дар як ҳафта ё 11 дақиқа дар як рӯз рост меояд, метавонад яке аз 20 ҳолати бемориҳои дилу раг ва яке аз 30 ҳолати саратонро пешгирӣ кунад. Ба ҳаёти ҳаррӯза велосипедронӣ, роҳгардии тез, сайру гашти пиёда ё рақсро дохил кардан мумкин аст.

Муҳаққиқон иброз медоранд, ки 150 дақиқа дар як ҳафта машғул шудан ба варзиш метавонад аз шаш як марги бармаҳалро пешгирӣ кунад.

Хадамоти миллии тандурустӣ ба калонсолон тавсия медиҳад, ки дар як ҳафта ду маротиба машқ кунанд, то ки мушакҳояшон мустаҳкам гардад.

Йога, пилатес, вазнбардорӣ, боғдорӣ, то ба мағоза пиёда рафтан барои хариди маҳсулот низ ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 5, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст