ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба ин мавзуъ дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид

Март 27, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа  ва ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш дар радифи олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин намояндагону коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон ва Малайзия иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши байналмилалӣ  аз ҳамовозӣ ва  ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи обу иқлим иборат буд.

Дар ҳамоиши  байналмилалӣ роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд ва ҳоло Тоҷикистон аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори обу иқлим шинохта шудааст.


Бояд тазаккур дод, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 якдилона ва бо ҷонибдории 190 давлати аъзои созмон қабул намуд. Вобаста ба иҷрои чорабиниҳои дар доираи қатънома қабулшуда аз 22 то 24 марти соли 2023 Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр кори конфронси мазкурро раисӣ намуданд.

Дар ҳамоиши байналмилалӣ коршиносони масоили экологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Пажуҳишгоҳи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарӣ (ниҳоди Вазорати сайёҳии Ҳиндустон), муовини ректори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмондории Ҳайдарободи Ҳиндустон, таҳқиқотчии Донишгоҳи байналмилалии Малайзия, намояндаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии бредаи Нидерланд, таҳқиқотчии пажуҳишгоҳи илмҳои палеонтологии назди департаменти илм ва технологияи Ҳукумати Ҳиндустон вобаста ба аҳамияти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  ва нақши он дар ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба обу иқлим маъруза намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 27, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»