Теъдоди ҳалокшудагон бар асари садамаи роҳи оҳан дар Юнон ба 57 нафар расид

Март 3, 2023 11:01

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бархӯрди ду қатора, ки рӯзи сешанбе дар қисмати марказии Юнон ба амал омад, ба 57 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 2 март мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Тавре намояндаи расмии пулиси Юнон Константсиа Димоглиду ба хабарнигорон гуфт, 48 нафар дар бемористон буда, 6 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ рӯзи ҷумъа ба поён мерасад,  афзуд намояндаи расмии хадамоти сӯхторнишонии Юнон Василиос Ватракояннис.

Тафтиши сабабҳои бархӯрди рӯбарӯи қатораҳои боркаш ва мусофирбар идома дорад. Сардори истгоҳ боздошт ва ба куштор аз сабаби беэҳтиётӣ  гунаҳгор дониста шудааст.

Ҳукумати Юнон се рӯзи мотами миллӣ эълон карда, ваъда дод, ки  мушкилоти марбут ба фаъолияти роҳи оҳанро ҳал мекунад, то дар оянда чунин фоҷеаҳо пешгирӣ карда шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2023 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид