Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия аз 45 ҳазор гузашт

Март 2, 2023 15:06

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия аз 45 ҳазор гузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) хабар додааст.

Тибқи маълумот, офати табиӣ сабаби ҳалок шудани  45 ҳазору 89 нафар гардидааст. Аз макони зилзила 1 миллиону 971 ҳазору 589 одам кӯчонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз заминларзаи шадид, ки 6 феврал рух дод, то имрӯз 11 ҳазору 20 пасларза, аз ҷумла беш аз 10 ҳазор заминларза бо шиддати 6,6 балл ба қайд гирифта шудааст. Ду заминларзаи дигар ҳамчунин дар Лубнон, Ироқ, Исроил,Урдун, Эрон, Миср ва Кипр низ эҳсос шуданд.

Офати табиӣ боиси харобиҳои азим ва даҳҳо ҳазор қурбониҳо дар Туркия ва Сурия гардид. Дар 10 музофоти аз ҳама осебдидаи Туркия ба муҳлати се моҳ вазъияти фавқулода эълон карда шуд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад