Телевизиони «Хатлон» ба пахши рақамӣ гузашт

Март 13, 2023 18:53

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Телевизиони вилоятии «Хатлон» ба пахши рақамӣ гузашт. Пахши рақамӣ  имкон медиҳад, ки барномаҳо бо сифати баланд пахш шаванд ва нисбат ба халалҳо устувор монанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи пахши рақамии телевизион Раиси вилояти Хатлон иштирок намуд.

Қаблан телевизиони «Хатлон» барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз сигнали аналогӣ пахш мекард.

Бояд гуфт, ки дар  ҷумҳурӣ гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 шуруъ гардида, ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015   (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004) ва  Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009)  асос гузоштаанд.

Ҳамчунин кормандони телевизиони мазкур соҳиби студияҳои муосири сабти барномаҳо гардиданд.  Студияҳо тарҳи замонавӣ дошта, барои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ пешбинӣ гаштаанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Март 13, 2023 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд