Телевизиони «Хатлон» ба пахши рақамӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Телевизиони вилоятии «Хатлон» ба пахши рақамӣ гузашт. Пахши рақамӣ имкон медиҳад, ки барномаҳо бо сифати баланд пахш шаванд ва нисбат ба халалҳо устувор монанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи пахши рақамии телевизион Раиси вилояти Хатлон иштирок намуд.
Қаблан телевизиони «Хатлон» барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз сигнали аналогӣ пахш мекард.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 шуруъ гардида, ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004) ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009) асос гузоштаанд.
Ҳамчунин кормандони телевизиони мазкур соҳиби студияҳои муосири сабти барномаҳо гардиданд. Студияҳо тарҳи замонавӣ дошта, барои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ пешбинӣ гаштаанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






