«Ватанпарвар» дар Роштқалъа наврасонро ба хизмати Модар-Ватан омода менамояд
ХОРУҒ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо Бошгоҳи техникию варзишии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа Озмуни ҳарбию ватандӯстии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия хабар доданд, ки «ҳамасола дар моҳи март, дар остонаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Ватанпарвар» байни хонандагони синфҳои болоии ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Масъулияти баргузории ин озмунро марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо ва Бошгоҳи техникию варзишии вилоят бар дӯш доранд. Шарти аввали ин озмун сафороӣ, гузашти низомӣ аст, ки дар ҳамаи қисмҳои низомӣ сарфи назар аз сохторашон ба он аҳамияти хос медиҳанд. Зеро ҳамаи наваскарон маҳз бо сафороӣ хизмати худро оғоз мекунанд. Бинобар ин ҳар ҷавон, қабл аз ҳама, бо қадамзании бонизом ва иҷрои амрҳои афсарон бояд аз наздик шиносоӣ дошта бошад. Яке аз ҳадафҳои ин мусобиқа низ такмил додани дониш ва малакаву маҳорати наврасон ва омода намудани онҳо барои хизмат дар сафи неруҳои низомии мамлакат аст. Агар наврасон то хизмати ҳарбӣ доир ба тарзу амали сафороӣ ва дигар намудҳои ҳарбию варзишӣ маълумоти хуби ибтидоӣ дошта бошанд, мушкилиҳои аввали хизмати низомӣ ба осонӣ пушти сар мешавад».
Шарти дуюми ин озмун аз ҳам ҷудо ва пайваст намудани ҷузъҳои автомати Калашников буд, ки аксарияти иштирокчиён- чӣ писару чӣ духтар аз уҳдаи иҷрои ин шарт ба хубӣ баромаданд.
Ба гуфтаи сардори Бошгоҳи техникию варзишии вилоят, ин шарт низ яке аз шартҳои муҳими озмуни мазкур шуморида мешавад. Чунки наваскарон ба кадом қисми низомие, ки даъват нашаванд, ҳатман бо ин намуди силоҳ, ки дар ҷаҳон машҳур мебошад, рӯ ба рӯ мегарданд. Силоҳи мазкур дар аксари неруҳои низомии мамлакатҳои ҷаҳон истифода мешавад.
Таҳия ва нашри рӯзномаи девории «Ватанпарвар» яке аз дигар шартҳои ин озмун буд. Ҳайати ҳакамон ба қолаби рӯзнома, тарзи ороиши он, мавзую муҳтавои мақолаҳо эътибори асосӣ равона намуданд. Ба назар расид, ки аксари дастаҳо дар таҳияи рӯзномаашон заҳмати зиёд кашидаанд, то ки тамоми матлабҳояшон дархури замон бошад ва маводе бошад, ки дар тарбияи худшиносию ватандӯстии ҳамсолон нақш гузошта тавонад.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон ғолибонро муаяйн ва ба онҳо ифтихорномаву мукофоти пулӣ тақдим намуданд. Онҳое, ки дар намудҳои алоҳида мақоми аввалро гирифтанд, ба дастаи мунтахаби ноҳия шомил гардида, дар озмуни вилоятӣ иштирок мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки дастаи ноҳияи Роштқалъа чор сол пеш дар озмуни вилоятӣ ғолиб омад ва ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, мақоми сеюмро аз они худ кард.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






