20 АПРЕЛ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ба 105 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи иҷлосияи сеюм, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд, ки тибқи он 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия муайян карда шуд. То қабул шудани иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи кормандони мақомоти адлия санаи аниқ надошт ва ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи октябр қайд карда мешуд. Сабаби интихоб шудани 20 апрел ин аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз – 20 апрели соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.
Қабул гардидани Қонун «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи мақомоти адлияи мамлакат аввалин санади қонунгузорие мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти мазкурро муайян кардааст.
Мақомоти адлия дар асоси принсипҳои волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофияти хизмат дар мақомоти адлия, ба истиснои фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, ягонагии низоми мақомоти адлия, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ғайриҳизбият фаъолият мекунад.
Таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии давлатии онҳо аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти адлия дониста мешавад.
Мақомоти адлия барои интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва таблиғоти ҳуқуқӣ ваколатдор мебошад.
Ҳамчунин мақомоти адлия таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба зимма дошта, бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ, гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура, роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ, таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва дигар вазифаҳои соҳавиро амалӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мақсади таъмини ислоҳот моҳи июли соли 2002 низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд.
26 марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки тибқи он маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмӣ эътироф гардид. Нашрияи мазкур дар як сол 12 маротиба бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
Ҳоло дар 36 шаҳру ноҳияи мамлакат марказҳои адлия фаъолият доранд. Дар 32 шаҳру ноҳия барои марказҳои адлия биноҳои нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ба итифода дода шуда, сохтмони биноҳои марказҳои адлия дар ноҳияи Лахш ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад.
Моҳи октябри соли 2011 мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекард, ба Вазорати адлия гузаронида шуда буд. Аз тарафи Вазорати адлия лоиҳаи Низомномаи вазорат таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат 30 сентябри соли 2021 тасдиқ карда шуд. Мувофиқи Низомномаи қабулгардида, раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳайати дастгоҳи марказии Вазорат ва шуъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятҳо ба раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуданд.
Бо мақсади ба иҷро расонидани уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон 28 ноябри соли 2015 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. 4 июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Дар давраи фаъолияти Марказ ва амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз тарафи мақомоти адлия ба 105 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст.
Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






