60 хатмкунандаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маросими гусели 60 хатмкунандаи ин донишгоҳ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба хизмати Модар Ватан мераванд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи номбурда иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, устодону кормандон, хатмкунандагони ихтиёрӣ, волидони онҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба он ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеши қарор дошта бошанд.
Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки соли дуюм аст аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳ иддае ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан мераванд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо менамоянд. Ба ин гуна нафарон аз ҷониби ректори донишгоҳ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои давлатӣ имтиёз пешбинӣ шуда, пас аз адои хизмат ба таҳсил дар зинаи магистратура ройгон қабул карда мешаванд.


Бо изҳори қаноатмандӣ аз ташаббусҳои раёсат ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иброз дошта шуд, ки чунин иқдоми ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳ қобили дастгирӣ аст.
Гуфта шуд, ки муҳофизати Ватан ва марзу буми поки он барои мардуми тоҷик ва аҷдодони мо аз қадимулайём мояи ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки то имрӯз қаҳрамониҳои Спитамену Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик ва Восеъ барин диловарони миллӣ то ҳол дар саҳифаҳои таърихи мамлакат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст.
Дар анҷоми ҷамъомад ба ҳамаи наваскарон дар адои хизмати ҳарбӣ матонату ҷасорат ва дар адои қарзи Ватан садоқату музаффарият таманно карда шуд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






