АҲСАНТ! Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро дар як рӯз иҷро кард

Апрель 1, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, даъвати баҳории ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Ба ин муносибат, 1 апрел бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарбозону наваскарон, волидайн, собиқадорони меҳнат, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо маросими гусели навдаъватшудагон баргузор гардид.

Нахуст, аз назди Боғи Ғалаба то майдони Театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ роҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби қишри васеи ҷомеа доир шуд.

Таъкид гардид, ки тайи панҷ соли охир ҷавононписарони далеру шуҷои ватандӯсти Бадахшон ҷиҳати адои қарзи муқаддаси фарзандӣ дар назди Модар-Ватан, бо амри виҷдон, бо ихтиёри худ  ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои муҳофизати Ватан омодагии худро нишон медиҳанд. Чунин муносибат ва дарки масъулияти ватандорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз минбарҳои баланд, баҳои сазовор гирифта, ҷавонони соҳибватани Бадахшон шоёни таҳсини Роҳбарияти олии мамлакат ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон гардиданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи соҳибистиқлолии мамлакат пояҳои ҳуқуқӣ, кадрӣ, молиявӣ, моддӣ ва техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, имрӯз ин неруи муқтадир қодир аст, аз ҳама гуна хатарҳо суботи ҷомеа ва хоки муқаддаси ватанро ҳифз намояд.


Вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии имрӯзаи ҷаҳону минтақа таъкид карда шуд, ки дар ин росто зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандиро дар ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ингуна омилҳои хатарзо тақвият дода шавад.

Дар идомаи чорабинӣ наваскарон ва волидони онҳо суханронӣ намуда, сипосу миннатдории худро ба Роҳбарияти олии мамлакат барои фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид дар қисмҳои ҳарбӣ баён намуданд.

Дар ин рӯз чанд тан аз навдаъватшудагон, ки курси ронандагиро хатм намуданд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ бо беҳтарин рақсу таронаҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардонда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 1, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд