ҲАДАФ — МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот доир гардид

Апрель 13, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар байни ҷавонон сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми давлатҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида мегардад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза шинохта шуда, пайравони он  ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб ва ба ҷараёнҳои террористӣ шомил менамоянд.

Гуфта шуд, ки муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ ба ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои тундраву террористии фаъолмияташон манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва хурофотӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.

Тазаккур дода шуд, ки дар чунин вазъи пешгӯинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба афкори барғалати гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, пайи омӯзиш, азбарнамоии илму дониш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд