Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Қатар муайян гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023, ки 7-14 майи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мегардад, муайян шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи низомнома, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Ҳайати мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони зеринро барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон пешниҳод кардаанд:
-66кг — Эмомалӣ Нуралӣ
-66кг — Шаҳбоз Саидаброров
-73кг — Беҳрӯз Хоҷазода
-81кг — Шодмон Ризоев
-81кг — Сомон Маҳмадбеков
-90кг — Комроншоҳ Устопириён
-90кг — Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг — Абубакри Акобир
+100кг — Темур Раҳимов
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ карда мешавад. Фонди ҷоизаҳои чемпионат 1 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15 000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад.
Дар рақобатҳои даставӣ барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60 000 евро ва барои ҷои сеюм 25 000 евро пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон 2000 хол, барандагони ҷои дуюм 1400, ҷои сеюм 1000 хол ва ҳамин тавр барои иштирок 20 хол мегиранд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






