ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО АҲОЛӢ. Дар Бадахшон ба ҷиноят даст задани ноболиғон 80% кам шудааст

Апрель 5, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва санҷишу амалиёти пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ байни наврасону ноболиғон ба кам гардидани шумораи ҷинояткории ноболиғон мусоидат карда, дар ин давра шумораи содиршавии ҷиноят аз ҳисоби ноболиғон 80% кам гардидааст. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд, дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ВМКБ дар давраи 3 моҳи сипаришудаи соли равон баргузор шуд.

Гуфта шуд, ки бо назардошти таъмин будани суботи комили сиёсӣ ва фазои орому ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамчунин босуръат идома ёфтани марҳилаи нави рушду тараққиёт дар Бадахшон фаъолияти мақомоти милитсия ба иҷрои таъмини босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба решакан намудани ҷинояткорӣ дар Бадахшон, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таъмини солимии оила ва хонаводаҳо, баррасии муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сокинон равона карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи умумии ҷинояҳое, ки давоми 3 моҳи имсол дар миқёси вилоят содир ва ба қайд гирифта шудааст, ошкорнамоиаш пурра таъмин гардид. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 5,6% беҳтар гардидааст. Яъне, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят барқарор гардида, барои таъмини адолати иҷтимоӣ ҳар  содиркунандаи кирдори зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб гардид.

Дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи вилоят 26 ҳолати ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин дар намуди ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ошкору муайян ва ҳамаи содиркунандагони он, ки сокинони дигар минтақаҳои мамлакат мебошанд, дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дастгир ва барои тафтиши шаффоф ба шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд. Дар натиҷа нақшаву ниятҳои ғаразноки онҳо, ки пайомади барои ҷомеа хавфнок дошт, пешгирӣ карда шуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 5, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд