«АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ». 2 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Дар фестивал намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон, сурат-далел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон маҳсуб мешавад. Ин сана аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба инсон кумак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






